ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ – МУАРРИФГАРИ МИЛЛАТ.

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳунарҳои мардумӣ дар кишвари мо баёнгари миллати меҳнатдӯсту ҳунарпарвари тоҷик буда, пайвапндгари насли имрӯза ба гузоштаи таърихи башариятанд. Инъикоси анъанаҳои  миллӣ дар офаридани осори ҳунарҳои мардумӣ ба инкишофи ҳисси худшиноси, ватандориву ифтихори миллӣ, инчунин такмили маҳорат мусоидат менамояд.

    Санаи 22-уми сентябри соли равон, мудири бахши кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Намозова Холида ҷиҳати таҳким бахшидан ба арзишҳои фарҳангиву маънавӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, арҷгузорӣ ба мероси бойи ниёгони тоҷик, ҳунарҳои мардуми дастӣ кандакории гаҳворасозӣ, кафлесу қошуқ ва дигар зарфҳои чӯбӣ аз ҳунарҳои дастии истиқоматкунандаи Ҷамоати шаҳраки Қубодиён  Ҷумаев Отабек дидан намуданд.

      Зимни боздид, Намозова Холида мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён қайд карданд, ки гузаштагони мо аз  қадим то ба имрӯз бо ҳунармандӣ ва кандакорӣ шуғл дошта, дар ин замина тӯли асрҳои зиёд аст, ки садҳо навъи ҳунару ҳунармандӣ ҷиҳати эҷод роҳ кушода истодааст. Ва ҷавонони замони истиқлол низ ба ин васила соҳиби касбҳои гуногун шуда, дар ҳамаи  чорабиниҳои фарҳангӣ ноҳия, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, ҳунраҳои худро  гузошта истодаанд.