Омодагии ташкилоти ибтидоӣ барои фасли сармо

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

          Санаи 21-уми сентябри соли равон масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикситон дар ноҳияи Қубодиён ҷиҳати омодагии ташкилотҳои ибтидоӣ, корхонаву муассисаҳо оид бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024" ба фасли зимистон вохӯриҳо доир намуда истодаанд.

          Зимни вохӯрии мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Мардонов Фирдавс  аз  муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумии №9  дидан намуд, дар рафти боздид маълум гардид, ки муассисаи мазкур барои паси сар кардани фасли зимистон  ба  миқдори 32 тонна ангишт ва ба миқдори  кифоя  ҳезуми хушк захира кардаанд. Дар ин росто, таъкид карда шуд, ки массисаҳои таълимӣ ва сохторҳои дахлдорро зарур аст ҷиҳати омодагӣ барои фасли сармо чораҳои таъхирнопазир анешида, барои омодагии пурра тамоми роҳҳоро истифода баранд.