БА ҶУЗ ИШҚ, БА ҶУЗ МЕҲР ДИГАР ДОНА НАКОРЕМ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Сулҳ баҳорест, ки дар домонаш орзуҳо гул мекунанд. Сулҳ баҳорест, ки бо худ баҳори дигар меоварад. Сулҳ баҳорест, ки ба рӯзномагарон таровату накҳат ва рангу бӯ мебахшад. Сулҳ баҳорест, ки ба хонадонамон ободиву осудагӣ, файзу нусрат ва сарсабзиву шукуфоиро ато мекунад. Сулҳ кафил ва омили таъмини  амнияти давлату миллат аст. Сулҳ аст, ки мо умед ба фардои дурахшони мебандем. Аз ин рӯ, домони сулҳ ҳамешасабз аст.  Онҳое, ки дур аз ватан, бо ёди ватан дар ғарибӣ ҷон додаанд, ҳанӯз ҳам боди саргаштаи аҷғонӣ аз он сӯи дарё бӯи дарди онҳоро меорад, ки мегӯянд қадри ватан бидонед. Зеро агар гадо дар ватан бимирад, амир аст. Дар ин замони бархурди тамаддунҳо, дар ин замоне, ки бисёр ҳассос аст, хавф ба кулли давлатҳо таҳдид мекунад. Сулҳ беҳтарин ва волотарин неъмат барои инсоният қаламдод мешавад. Дар мавриди истиқрори он сари андеша бояд бошем. Зеро агар сулҳ набошад, аз куҷо мо метавонем хонаи худро обод кунем, фарзандонро бо хотири ҷамъ ба мактаб, боғча равон созем?

               Сулҳ буд, ки ватан обод гардид.Сулҳ буд, ки кулбаҳои аз гумроҳиву нодонӣ сӯхтаи мо обод шуд. Сулҳ буд, ки мо худро шинохтем. Сулҳ буд,ки фарзандон ба камол расиданд ва зиндагӣ маҷрои муътадили худро ёфт. Ҳар  миллату давлатро дар лаҳзаҳои ҳассостарини мавҷудияташ фарзандони бедору фарзонааш умри дубора мебахшанд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рӯзгори мардуми тоҷик, ба ин сарзамин бо қадамҳои  сабзи худ пайки баҳор овард. Баҳоре овард, ки дар домонаш орзуву ормонҳои мардум гул карданд. Баҳоре бо гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори нек овард ва дар замини синаи одамон тухми меҳру муҳҳабат ва адолат кошта шуд. Эмомалӣ Раҳмон Эмоми Аъзами ин миллати ҷафодидаи таърих гардид. Таърихро ҳазорсола сукут лозим омад, ки аз умеду орзу ва ормонҳои ин миллат фарзонамардеро чун  Эмомалӣ Раҳмонӣ ба ҳайси Пешво биофарад. Аммо дар ҳар давру замон фарзандони бедораш дар ҳифзи нангу номус ва ҳимояи арзишҳои волояш садо баланд мекарданд. Ин миллат тӯли ҳазор сол давлат надошт, аммо давоми ин муддат фарзандони огоҳдилаш давлати пойдораш буданд. Турктозиҳои таърих ин миллатро борҳо ба сангарҳои ноумедию саргардонӣ ва ғарибӣ фикандааст.

            Ҳар дафъа мардуми парешону саргардону гирёну ҳайронро фарзонафарзандонаш бо қалбу иродаи бузург раҳнамо мешуданд. Дар замони муосир ин гуна инсон Эмомалӣ Раҳмон гардид. Маҳз бо шарофати ин абармарди сиёсат ҷаҳониён бо сарнавишти  талхи ин миллат, маҳрумияту саргардониҳои фарзандони фарзонааш, ки ҳамакнун ифтихор аз эшон дорем, ошно гардидаанд. Миёни ду тан  сулҳ бастан, оштӣ дорондан яке аз фазилатҳои хуби инсонист, ки дар аҳодиси набавӣ ва қудсӣ низ қайд шудааст. Пешвои муаззами миллат барои миллати худ сулҳ овард. Сулҳ ба ивази ҷонбозиҳо, талошҳо, бедорхобиҳо ва гузашт карданҳо. Пас,ӯ нафаре аз биҳишт аст, ки Худованд пайки созишу сулҳ ва наҷотро бо ӯ ба мо фиристод. Ӯ бешак, қосиди сулҳ аст. Дар гузашта қосиде, ки хабари сулҳ меовард, азизу муътабар буд барои мардум. Пешвои миллат низ миёни мардум маҳбубияти беандоза дорад. Зеро ӯ аз мардуми парешон миллат сохт. Ӯ тоҷикро аз осорҳову  асарҳо ҷамъ овард, то миллат бишавад. Ӯ сафҳаҳои парокандаи таърихи миллатро ба ҳам овард, номи миллатро аз чангу ғубори таърих тоза кард. Ӯ зимоми давлатро ҳангоме ба даст гирифт, ки давлат ҷуз харобиву валангорӣ ва дидаҳои гирёну қалбҳои номуроди мардум дар бисот дигар чизе надошт.

            Кӯшишу талошҳои ҷавонмардонаи Пешвои  миллат дар роҳи сулҳ оардан ба мардум барабас нарафтанд. Ӯ ба қавлу амалаш вафо кард. Ӯ барои мардум сулҳ овард. Баҳори дӯстӣ, баҳори шодмонӣ, баҳори шукуфтанҳоро овард. Ӯ бо сулҳ баҳоре овард, ки дар борони раҳматаш насли  наву тозаи миллат сабзида, дар пайравии ӯ имрӯз миллатро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Ӯ бо сулҳ баҳоре овард, ки аз файзу қудуми он домони кишвар сабзу пурнакҳату пуртароват аст. 

                Дар ин хок, дар ин хок, дар ин мазрааи пок,

                Ба ҷуз ишқ, ба ҷуз меҳр дигар дона накорем...

 Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Қубодиён Хаимова Малоҳат