МАРКАЗИ ПЕШГИРӢ ВА МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ВНМО ДАР НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН  АЗ ТАЪМИР БАРОВАРДА ШУД

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

          Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ, бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дармон” Маркази пешгири ва мубориза бар зидди ВНМО дар ноҳияи Қубодиён корҳои муайяне ба сомон расонида шудааст.

          Бояд қайд кард, ки аз ҳисоби роҳбарияти ташкилот ва кормандонба муносибати сазовор истиқбол намудани ҷашни истиқлолияти давлатӣ дар ин росто расонидани хизматрасонии хубу босифат ба шаҳрвандон дохили бино пурра аз таъмир бароварда шуд.