ПАХТА БОЙИГАРИИ КИШВАР АСТ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии “Ҷ/Д 20- солагии Истиқлол”-и ноҳияи Қубодиён ҷамъоварии ҳосили пахта бо суръат идома дорад. Имсол ҳосили пахта дар ин ҷамоат фаровон аст. Ин дастоварди деҳқонон аз заҳматҳои шабонарӯзии кормандони соҳаи кишоварзии ноҳия мебошад. Бояд қайд намуд, ки соҳаи кишоварзӣ аҳамияти на танҳо иқтисодӣ, балки иҷтимоӣ низ дорад, зеро бештари аҳолии қобили меҳнат ба он машғул мебошанд.

Масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён зимни боздид бо онҳо ҳамсуҳбат шуда дар суҳбати худ  роҳбари хоҷагиҳои деҳқонӣ иброз доштанд, ки бояд кӯшиш кунем, ки пахтаи сафед беталаф ғунучин карда шавад ва ҳар як сокини ноҳия дар ҷамъоварии он саҳми худро гузорад, зеро пахта боигарии давлат ва асоси рушди иқтисодиёти малакат аст.