САНГФАРШКУНИ ДАР ДЕҲОТҲОИ  НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН БО МАРОМ РАФТА ИСТОДААСТ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

        Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мутобиқи қарор ва дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҲХДТ ва дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!”- и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба хотири омодагӣ ва истиқболи сазовори 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сокинон, аъзою ҷонибдорони ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, соҳибкорони муваффақи деҳаи Ниҳолпарварии Ҷамоати 20-солагии Истиқлоли ноҳияи Қубодиён корҳои созандагию бунёдкориро роҳандозӣ гардонида истодааст.

         Ин иқдоми аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки 500 метр роҳи дохили деҳаи Ниҳолпарварии Ҷамоати деҳоти 20- солагии Истиқлоли ноҳияи Қубодиёнро сангфарш  намуданд