Сокинони деҳаи Шоғарав дар ободии деҳаи худ саҳм мегузоранд.

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

        Дар деҳаи Шоғарави Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав-и ноҳияи Қубодиён корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза пайдо карда, сокинони деҳаи мазкур ба ободии диёр машғуланд. Сокинони деҳаи Шоғарав иқдоми шоистаи ибрат ва тарғибро ихтиёр карда роҳҳои дохилии деҳаро сангфарш карда истодаанд. Дар иҷрои ин кор саҳми аҳолии деҳа назаррас буда, аз сарҷамъию иттифоқӣ ва диёрдорию ободкории сокинони деҳа шаҳодат медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки сокинони деҳаи Шоғарав меҳнатдӯсту меҳандӯст буда, пайваста дар ободиву зебогии деҳаи худ саҳмгузоранд.