ИСТИҚБОЛИ 32- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

      Санаи 9-уми сентябри соли ҷори дар майдони Парчами  ноҳияи Қубодиён ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳасанзода Гулнора  Кенҷа, намояндаи раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Қурбонали, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин, кормандони ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ва роҳбарони ташкилотҳо иштирок намуданд.

      Нахуст раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ суханрони намуда иброз доштанд, ки Истиқлолият ҷашнест, ки онро кулли тоҷикони дунё бо як олами шодию фараҳ ва шукуҳманди истиқбол мегиранд. 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ин сана барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб мешавад. Инак мо боз ба ин рӯзи шодиофарин ва сурурбахш - Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расидем. Муҳимтарин дастоварду комёбие, ки мо дар 32 соли Истиқлоли давлатӣ соҳиб гардидем, аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории миллии тоҷикон мебошад.

         Сипас, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳасанзода Гулнора  Кенҷа, баромад намуда қайд намуданд, ки бо талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат тӯли 32 соли Истиқлолияти давлатӣ рӯзгори мардуми шарифи Тоҷикистон рушду инкишоф ёфт ва зиндагии шоиста насиби ҳар хонадони мамлакат гардид. Бо сарварии Президенти маҳбуби кишвар сулҳу субот, оромию осоиштагӣ, амнияти сартосарӣ дар кишвар танинандоз гашт, таҷрибаи бунёди сулҳу оромии кишвари мо дар ҷаҳон чун беҳтарин намунаи давлатдорию сиёсатмадорӣ пазируфта шуд.

    Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин бо медал ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилотҳо, омӯзгорон ва табибон бо Сипосномаҳо қадрдони карда шуданд.

Дар фарҷом ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фарҳангчиён” бо сурудҳои ватандустонаи худ таъби хозиринро шод гардониданд.