НАФАҚАИ ҲИЗБӢ ТАЪМИН КАРДА ШУД

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

                  Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои расонидани кӯмаки молиявӣ ба маъюбони гурӯҳҳои якум, шахсони ниёзманд ва оилаҳои камбизоат нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ  муқаррар карда шудааст.

                Дар доираи ин иқдом масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ба дидорбинии се нафар маъюби гурӯҳи 1-уми сокинони Ҷамоати ба номи Носири Хусрав-и деҳаи Ёбуз  Қурбонназарова Олмахон, Сафаров Маҳмуд сокини деҳаи Ғишткупрук ва Ҳасанова Зарина истиқоматкунандаи  ҷамоати шаҳрак мебошанд ба ҳар яки онҳо нафақаи ҳизбии моҳи август дар ҳаҷми 500 сомонӣ дастрас карда шуд.