БУНЁДИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ДАР МТМУ №52-И НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Барои беҳтару хубтар фароҳам овардани шароити таҳсил, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тарбияи фарзандон, бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори хайрхоҳ Тоҳиров Ҷаҳонгир дар МТМУ №52-и Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави деҳаи Равшанобод 4 синфхонаҳои иловагӣ сохта ба анҷом расонида истодаанд.