РОҲҲОРО ЯКҶОЯ САНГФАРШ МЕКУНЕМ!

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи замони истиқлолият буда, ҷиҳати таъмини сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ нақши муассир мегузорад. Чуноне Пешвои миллат, Раиси Муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Анҷумани 9-уми ҳизб иброз менамоянд: 

“Ҳизби мо дар замоне, ки хатари пароканда шудани миллат ва ҳамчун давлат аз байн рафтани Тоҷикистони тозаистиқлол ба воқеияти рӯз табдил ёфта буд, дар назди миллат ва Ватан, дар назди наслҳои имрӯзу оянда масъулияти бузурги таърихиро ба души худ гирифт”. 

        Дар воқеъ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чаҳорчӯбаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар бо фарогирии ҳудудан ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа арзёбӣ мегардад. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мутобиқи қарор ва дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҲХДТ ва дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!”- и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба хотири омодагӣ ва истиқболи сазовори 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сокинон, аъзою ҷонибдорони ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, соҳибкорони муваффақи деҳаи Арабхонаи ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав-и ноҳияи Қубодиён корҳои созандагию бунёдкориро роҳандозӣ гардонида истодааст.

        Дар ин замина бо ташаббуси як соҳибкори хайрхоҳ Тоҳиров Ҷаҳонгир ва дар якҷоягӣ бо аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва фаъолони сокини деҳаи номбурда инчунин аъзоёни ташкилоти ибтидоии мазкур заҳматҳои беандоза кашида 1800 метр роҳро сангфарш намуда истодаанд.