ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ - ҲАДАФИ АСОСӢ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

        Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён дар натиҷаи корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ миёни аҳолӣ ва ҷиҳати таҳкими амнияти озуқаворӣ ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ бо усули "Хона ба хона" аз Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави деҳаи Арабхона дидан намуданд.

         Сокинони Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави деҳаи Арабхона бо мақсади истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои  наздиҳавлигӣ, инчунин беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва дар доираи ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, дар замин бо назардошти мавсими кишту кор ва зироатҳои гуногун кишт намуданд.