КОРҲОИ ТАРҒИБОТИВУ ТАШВИҚОТӢ ОИДИ ЗАХИРА НАМУДАНИ МАВОДИ ҒИЗОӢ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

       Ҷиҳати баргузор намудани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ бо усули “Хона ба хона”, масъулини Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён аз захираҳои зимистонаи сокинони ҷамоати ба номи Носири Хусрав дидан намуданд.Ҳангоми суҳбат, масъулини ҳизбӣ иброз намуданд, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди захира намудани маводи ғизоӣ барои ду соли оянда, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва рӯёнидани ду-се ҳосил аз он, бояд ҳеҷ як фарди ҷомеаро бе тафовут нагузорад. Аз ин рӯ, баҳри иҷрои ин дастуру супоришҳо ҳамагон бояд ҷиддан камари ҳиммат бандем. Бояд қайд намоем, ки сокинони ҷамоати болозикр низ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, барои зимистонгузаронӣ маводи ғизои захира намуда истодаанд.