АЪЗОИ ҲХДТ БУДАН ИФТИХОРИ МОСТ!

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Мудири бахши кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Намозова Холида бо мақсади зиёд намудани аъзои ҳизб аз ҳисоби шахсони арзанда бо қарори ташкилоти ибтидоии “Мактаб-интернат” вохӯри доир намуд.

    Мавсуф зимни суҳбат оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳаракати аъзои ҳизб, тартиби ҳуҷҷатгузориҳо дар ташкилоти ибтидоӣ, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, бегонапарастию хурофот, рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи дурусти насли наврас, татбиқи қонунҳои амалкунанда ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ карда, аз иштирокдорон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ даъват  ба амал овард. 

     Инчунин, дар рафти суҳбат ба нафароне, ки барои пайвастан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод карда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуда, зикр гардид, ки  ҳизби мо мактаби камолоти ҷавонон буда, чун ниҳоди сиёсӣ дар ташаккули шахсият таъсири амиқ расонида ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аъзои ҲХДТ будан масъулияти баланд ва боиси ифтихору сарфарозӣ мебошад.