ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ МАКТАБ- ИНТЕРНАТ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар идомаи корҳои тарғиботӣ оиди самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён  аз замини наздиҳавлигии  ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Мактаб интернат" дидан намуданд. Зимни вохӯрӣ маълум гардид, ки масъулини  ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Мактаб интернат"  кӯшиш намудаанд, ки аз заминҳои наздиҳавлигии дар ихтиёрдоштаи худ  ҳосили дилхоҳ ба даст оваранд. Бешубҳа, замин сарчашмаи ҳаёт ва бақои зиндагӣ буда, ин ҳикмат моро водор месозад, ки дар замин беш аз пеш кор кунем ва таъминоти зиндагиву рӯзгори мардуми худро беҳтар намоем.