ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар идомаи корҳои тарғиботӣ оиди самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён  аз замини наздиҳавлигии  ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Тахти сангин" дидан намуданд. Зимни вохӯрӣ маълум гардид, ки масъулини  ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Тахти сангин"  кӯшиш намудаанд, ки аз заминҳои наздиҳавлигии дар ихтиёрдоштаи худ  ҳосили дилхоҳ ба даст оваранд. Бешубҳа, замин сарчашмаи ҳаёт ва бақои зиндагӣ буда, ин ҳикмат моро водор месозад, ки дар замин беш аз пеш кор кунем ва таъминоти зиндагиву рӯзгори мардуми худро беҳтар намоем.