ВОХӮРИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН БО ТАРБИЯТГИРАНДАГОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ НОҲИЯ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 25-августи соли равон тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба муносибати 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли хониши нави солҳои 2023-2024 дар Мактаб-Интернати ноҳияи Қубодиён бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин, раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Гулмуродзода Қумринисо вобаста ба баргузор намудани суҳбату мулоқотҳо оиди баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ байни тарбиятгирандагони Мактаб-Интернати ноҳия ва бо иштироки сокинони Ҷамоати деҳоти “20-солагии Истиқлол” баргузор гардид.

Дар чорабинии фарҳанги фароғатӣ фаъолон ва саховатмандони Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлол барои таблиғу ташвиқи ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, баланд бардоштани нуфузи он дар ҷомеа ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсии фарҳангӣ, ободонӣ, созандагӣ ва гул-гул шукуфои ноҳия саҳми худро гузоштаанд, бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипосномаи ҳизбӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар рафти чорабинии фарҳангии фароғатӣ оиди ҳавасмангардонӣ ва туҳфагузории хонандагони Мактаб-Интернати ноҳия бахшида ба соли хониши нави солҳои 2023-2024 бо маводҳои хониш аз ҷумла; либоси мактабӣ, ҷуроб, сумка, албом, ручка, қаламҳои ранга ва маводҳои гигиенӣ туҳфа карда шуд. Инчунин, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва саховатмандон ороиши дастурхони идона ва оши палов ороста намуда, ба тарбиятгирандагони Мактаб-Интернати ноҳия дода шуд. Ташкилоти ибтидоии “Фарҳангчиён” бо суруду таронаҳои дилкаши худ таъби ҳозиринро шод гардонидаанд.