СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ ДАР НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мутобиқи қарор ва дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии ҲХДТ ва дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!”- и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба хотири омодагӣ ва истиқболи сазовори 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сокинон, аъзою ҷонибдорони ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, соҳибкорони муваффақи ҷамоати шаҳраки ноҳияи Қубодиён корҳои созандагию бунёдкориро роҳандозӣ карда истодаанд.