ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛИ ДАР НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 26.07.2023 дар назди бинои “Почтаи тоҷик”-и ноҳияи Қубодиён  ярмаркаи ҷойҳои кори холи барои корҷуён ташкил ва гузаронида шуд. Дар ярмаркаи мазкур сардори Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳоли дар вилояти Хатлон Қурбонзода Қурбоналӣ, сардори Раёсати хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Азиззода Баҳодур,  муовини аввали раиси ноҳияи Қубодиён Тоҷиев Алиҷон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин, раисони ташкилотҳои ибтидои ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот  иштирок доштанд. Дар ярмарка ҷойҳои кории холии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилотҳои корхонаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот  барои корҷӯён ҷойҳои кории холии худро бо музди маоши тибқи басти вазифаҳо пешкаш намуданд.

       Дар чорабинии мазкур  ҳунармандони ноҳия ҳунарҳои мардумӣ худро бо шогирдонаш  ба намоиш гузоштаанд. Инчунин аз ҷониби ташкилоти ибтидоии “Фарҳангчиён” суруду таронаҳои дилкаши худ таъби ҳозиринро шод гардонида,  як чанд нафар корҷӯён бо роҳбарон ва мутаҳассисони кадрҳои ташкилотҳо  оиди ҷойҳои кории холии суҳбатҳо гузарониданд.