МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №27 БАРОИ СОЛИ НАВИ ХОНИШ ОМОДАГӢ МЕБИНАД 

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

      Ҳамасола пас аз ҷамъбастӣ соли хониш муассисаҳои таълимӣ барои соли нави хониш омодагӣ мебинанд. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27-и, ноҳияи Қубодиён  таъмири ҷорӣ рафта истодааст.

      Ҳадаф аз ин таъмири ҷорӣ  муҳайё намудани шароити мусоид дар синфхонаҳо, тозаю барҳаво барои таълиму тарбияи хонандагон мебошад. Қайд намудан ба маврид аст, ки дар вақти муайяншуда тамоми синфхонаҳо ва дар умум муассисаи таълимӣ мутобиқ ба талабот аз таъмири ҷорӣ бароварда мешавад.