БУНЁДКОРӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ  БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

          Таъмири муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияи Қубодиён бо кӯмаки волидони донишомӯзон ва маблағи муайяни ҷудонамудаи ҳокимияти маҳаллӣ оғоз шуда, бомаром идома дорад. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и Ҷамоати деҳоти ба Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён ва дигар муассисаҳои таълимӣ низ рафти таъмир дар сатҳи аъло ба назар мерасад.

         Барои беҳтару хубтар фароҳам овардани шароити таҳсил, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тарбияи фарзандон волидон кӯшиш мекунанд, ки то ҳадди имкон кӯмаки худро расонида бошанд.