САҲМИ ОМӮЗГОРОН  ДАР ТАЪМИРИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳияи Қубодиён таъмири дохили синфхона бо маром ҷараён дорад. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и Ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён низ синфхонаҳо аз нав таъмир гардида, маъмурият ва коллективи омӯзгорону кормандони техникии муассисаи таълимии номбурда дар ин амали хайр саҳми муносиб гузошта истодаанд. Бояд қайд намуд, ки таъмири синфхонаҳо дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем” амали гардида, бо кӯмаку маблағгузориҳои асосиатсияи падару модарон ва шахсони хайрхоҳу саховатпеша ба роҳ монда шудааст.