АЁДАТИ САРБОЗОНИ ИХТИЁРИИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН, КИ ДАР ҚИСМИ НИЗОМИИ НОҲИЯИ ДАРВОЗИ ВМКБ ХИЗМАТИ ВАТАН-МОДАРРО АДО НАМУДА ИСТОДААНД

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар  асоси иҷрои  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ташаббуси  Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин санаи 15- уми июли соли 2023  ба  аёдати сарбозони қисми низомии  ноҳияи Дарвози ВМКБ  дар якҷоягӣ бо мудири шуъбаи  таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дарвоз Садуллозода Саида ва  падару модарони  сарбозони ихтиёрӣ, ки аз ҷониби  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар даъвати навбатии баҳории соли равон 15 нафар ҷавонон сафарбар шуда буданд, аз ин ду нафар ҷавонон дар қисми ҳарбии ноҳияи Дарвоз хизмати Ватан-Модарро адо намуда истодаанд,  дидан намуда, бо сарбозони қисми низомӣ дар бораи ватандӯстию ватанпарварӣ, ҳифзи марзу буми кишвари худ  суҳбату вохӯрӣ анҷом доданд. Аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён  ба  қисми низоми мазкур кӯмаки моддӣ  аз ҷумла, маҳсулотҳои ғизоии орд, равған, шириниҳои қаннодӣ, маводҳои гигиенӣ ва инчунин маҳсулотҳои полезии тарбуз, харбуза ва помидор  расонида шуд.

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён тасмим гирифтаст, ки дар оянда ҷавонони дар даъвати баҳори соли равон бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ба сафи Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои ҳарбии кишвар адои хизмати ҳарбиро  намуда истодааст дар якҷояги бо падару модарони сарбозон хабар гирифта, ин иқдоми наҷибро роҳандозӣ менамоянд.