САНГФАРШКУНӢ ДАР ДЕҲАИ ШОҒАРАВИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ноҳияи Қубодиён як қатор корҳои ободонӣ ва созандагӣ бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати тоза пайдо намудааст. Аз он ҷумла бо дастгирии бевоситаи Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли ҷорӣ кӯчаҳои мошингузари  Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав марҳила ба марҳила мумфарш ва сангфарш карда шуда, дар қисми зиёди кӯчаҳо корҳои чароғонкунӣ бо лампаҳои каммасраф гузаронида  истодаанд.

      Инак бо иқдоми навбати сокинони деҳаи Шоғарави Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав дар роҳи мошингузари дохили маркази деҳа сангфаршкуниро оғоз намудаанд. Санаи 15-уми июли соли ҷорӣ Раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин дар деҳаи Шоғарави  Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав аз корҳои ободонию созандагӣ, яъне сангфаршкунии кӯчаи маркази деҳа  бо маром ҷараёндошта дидан намуд.  Раиси кумита оиди мухтавои Пешвои миллат дар бораи корҳои ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  суханронӣ намуда, дар иҷрои  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як шаҳрванди  мамлакат барои ободии хонаи худ, деҳаи худ ва ноҳияи худ саҳмгузор бошанд.  Ободонии ноҳияи мо аз хонаву деҳаи мо сарчашма мегирад.

Сипас, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода В. дар якҷоягӣ бо сокинони деҳа дар корҳои ободонӣ саҳми худро гузошта, бо трактори ҳамворкунӣ сангҳои овардашударо ҳамвор намуданд.

Сокинони деҳаи мазкур аз дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хушҳол буда, кӯшиш менамоянд, ки дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, инчунин пешрафту ободонии ватанамон- Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро мегузоранд.