ОМОДАГИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ БАРОИ ФАСЛИ САРМО

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикситон дар ноҳияи Қубодиён ҷиҳати омодагии ташкилотҳои ибтидоӣ, корхонаву муассисаҳо оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024" ба фасли зимистон вохӯриҳо доир намуда истодаанд.

Зимни вохӯри дар гимназияи давлатии №1 маълум гардид, ки барои бемамоният паси сар кардани фасли зимистон ба миқдори кифоя ҳезуми хушк ва ангишт захира карда шудааст.