ТАҚДИМИ ШАҲОДАТНОМАҲОИ ҲИЗБӢ БА АЪЗОИ НАВ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 13- уми июли соли 2023 мудири  бахши омори  Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Музаффаров Иззат  бо масъулини кумита тибқи нақша  бо мақсади зиёд намудани аъзои ҳизб бо қарори ташкилоти ибтидоии “Тибби Халқӣ ” ҷиҳати аъзо шудан ба сафи ҳизб шахсони сазовор пешниҳод гардид. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо қарори ташкилоти ибтидоӣ оиди қабул ба сафи ҳизбро ба расмият дароварда ба оъзои нав шаҳодатномаи ҳизбӣ тақдим намуд.

Тибқи рӯйхат ва пешниҳоди ҳисоботи омории ташкилоти ибтидоӣ ба нафарони ба сафи ҳизбӣ ташкилоти ибтидоӣ қабулшуда шаҳодатномаи ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.

Масъулини Кумитаи иҷроия шахсони ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо шударо табрик намуда қайд намуданд, ки ҳизбӣ мо мактаби камолоти ҷавонон буда, чун ниҳоди сиёсӣ дар ташаккули шахсият таъсири амиқ расонида ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аъзои ҲХДТ будан масъулияти баланд ва боиси ифтихору сарфарозӣ мебошад.