1-УМИ ИЮН РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН 

Қубодиён:  

Тибқи нақша-чорабини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён  1-  уми июни соли ҷори бахшида ба "Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон" дар қасри фарҳанги ноҳияи Қубодиён  чорабинии идона бо иштироки раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ, раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода Ваҳобиддин, раиси ҷавонони МИҲД- ноҳия Назаров Ҷӯрабек  ва бо намояндагони мақомоти ҳокимияти давлати дар ноҳии Қубодиён  баргузор гардид.

    Дар чорабинии мазкур аввал раиси ноҳияи Қубодён Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ  ба сухан баромада ҳамаи кӯдакони ноҳияро бо Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрику таҳният гуфта иброз дошт, ки Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 1 июн ҳамасола дар кишвар ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад.

Кӯдакон чун категорияи аз нигоҳи иҷтимоӣ ба ҳимоя эҳтиёҷманд маҳсуб меёбанд. Бинобар ин, зоҳир намудани ғамхорӣ дар ҳаққи онҳо яке аз вазифаҳои асосии давлат ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари дигар давлатҳои ҷаҳони муосир баҳри ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак тамоми заминаҳои зарурии ҳуқуқиро фароҳам оварда, ҷиҳати таълиму тарбияи дуруст ва дар шароити мусоид ба камол расидани онҳо тадбирҳои судманд меандешад. Мутобиқи моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд. Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд.

  Дар идомаи чорабини барои хушҳолии онҳо консерти фарҳангиву фароғати баргузор гардид.