ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН

Қубодиён:  

Дар толори мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши таҳти унвони “Ҷавонон ояндаи миллат” баргузор гардид.

Дар ҳамоиш раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода Ваҳобиддин, фаъолон, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, омӯзгорон, хонандагони гирандаи стипендияи Президентӣ, донишчӯёни Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён ва дигарон иштирок доштанд.

Ҳамоишро, раиси ноҳияи Қубодиён бо сухани табрикотӣ оғоз бахшида изҳор дошт, ки ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи асосӣ ва неруи бузурги бунёдгару созандаи давлат ба ҳисоб рафта, пешрафту ободӣ ва рушду шукуфоии ҷомеа аз ин неруи ояндасоз вобастагии амиқ дорад. Агар ба таърихи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем, бо таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони кишвар баъди ба даст овардани Ваҳдати миллӣ бо шинохту дарки рисолати таърихии хеш барои мустаҳкам намудани Истиқлоли давлатӣ ва ягонагӣ дар кишвар саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Дар идома қайд намуд, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки қисмати асосии аҳолии кишварамонро маҳз ҷавонон ташкил дода, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Воқеан, рӯ овардан ба ҷавонон ва такя ба тавонмандии онҳо дар аксари кишварҳо ба назар мерасад, зеро ҷавонон бо қувва ва неруи ҷисмонию маънавии худ барои устувории ҷомеа нақши бағоят калон доранд.Ҷавонон ворисони арзандаи давлату миллат, тақдирсози роҳи имрӯзу фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон арзёбӣ мегардад.

Дар фарҷом ба як қатор фаъолон барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсиву ҷамъиятӣ, бедор сохтани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар замири ҷавонон ва саҳми арзанда гузоштан дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш тӯъфаву сипосномаҳо дар аз тарафи раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ тақдим карда шуд.