ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ДАР НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

Қубодиён:  

Санаи 30-юми майи соли ҷори бахшида ба "Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон" дар қасри фарҳанги ноҳияи Қубодиён  чорабинии идона бо иштироки раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ, раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода Ваҳобиддин, намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, директори ТБ “Миссия Восток” дар Тоҷикистон Ранҳир Сингҳ  ва бо намояндагони мақомоти ҳокимияти давлати дар ноҳии Қубодиён  баргузор гардид.

    Дар чорабинии мазкур аз ҷониби лоиҳаи “Рушди дастаҷамъона: Дастгирӣ намудани созмонҳои ҷомеаи шаҳрванди (СҶШ) баҳри такмилдиҳии ҳуқуқҳо ва хизматрасониҳои кӯдакон ва шасони имконияташон маҳдуд дар Тоҷикистон”  43 адад аробачаи маъюби ба маъюбони гуруҳи якум аз ноҳияҳои Носири Хусрав, Шахритус ва Қубодиён тақдим карда шуд.