Дидан намудан аз хоҷагии деҳқонии “Бобои Санг”

Қубодиён:  

  Санаи 30-юми майи соли ҷори муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Хаимова Малоҳат аз хоҷагии деҳқонии “Бобои Санг”, ки дар Ҷамоати деҳоти 20- солагии Истиқлоли деҳаи Сангоба ҷойгир аст дидан намуданд. Зимни вохӯри хоҷагии деҳқонии "Бобои Санг" аз 6 гектор замин ҳосили пиёзи хушсифат ҷамъоври намуданд. Дар рафти боздид қайд гардид, ки истифодаи самараноки ҳар як порча замин боиси таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал буда, ҳамзамон дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат низ саҳм мегузорад. Моро зарур аст, ки маданияти баланди заминдориро риоя намуда, ҷиҳати истифодаи самараноку сарфакоронаи обу замин чораҳои зарурӣ андешем.