БОЗДИДИ ГУРӮҲИ КОРИИ ДАСТГОҲИ МАРКАЗИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ МАРКАЗИИ ҲХДТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “КДФ”

Қубодиён:  

    Санаи 26-уми майи соли 2023 гурӯҳи кории Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз фаъолияти кории якчанд ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Қубодиён дидан намуданд.

Зимни омӯзиш аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “КДФ”-и ноҳияи Қубодиён дидан намуда, ҳуҷҷатҳои ташкилоти ибтидоӣ, утоқҳои корӣ, пардохти ҳаққи узвият, ҳисоботҳои оморӣ, варақаҳо ва шаҳодатномаҳои ҳизбӣ мавриди санҷишу омӯзиш қарор дода шуда, бо масъулони ташкилоти ибтидоӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти ҳизбӣ суҳбатҳо гузаронида шуд.

   Ҳамзамон, ба шахсони масъули ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ вобаста ба рафъи камбудиҳо ва фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳои судманд дода шуд. Ҳангоми суҳбат масъулини ташкилоти ибтидоии “КДФ”  иброз доштанд, ки бо боварии комил метавон гуфт, ки минбаъд фаъолиятро дар ин самт боз ҳам беҳтар карда, баҳри баланд бардоштаи нуфузу эътибори ҲХДТ, ҳамчунин ҷиҳати ҷоннок намудани корҳои созандагию бунёдкорӣ, баҳри ободиву зебогии Ватани азизамон бо аъзоён ва ҷонибдорони фаъоли ҲХДТ талош варзида, саҳми арзандаи хешро дар ин самт мегузоранд.