ШИНОСОӢ БО  ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “САҲШ”  АЗ ҶОНИБИ НАМОЯНДАГОНИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ МАРКАЗИИ ҲХДТ

Қубодиён:  

Санаи 26-уми майи соли 2023 гурӯҳи кории Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз фаъолияти кории якчанд ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Қубодиён дидан намуданд.

Ин навбат зимни омӯзиш гурӯҳи кории мазкур аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “САҲШ” дар ноҳияи Қубодиён шиносоӣ пайдо намуда, ҳуҷҷатҳои ташкилоти ибтидоӣ, утоқи корӣ, пардохти ҳаққи узвият, ҳисоботҳои омории аъзо, варақаҳо ва шаҳодатномаҳои ҳизбӣ мавриди санҷишу омӯзиш қарор дода шуда, бо масъулини ташкилоти ибтидоӣ ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ суҳбатҳо гузаронида шуд.

Ҳамзамон, ба раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва беҳтар гардонидани фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳои судманд дода шуд.

Сипас, роҳбари ташкилоти ибтидоии “САҲШ” иброз намуданд, ки минбаъд фаъолиятро дар ин самт боз ҳам беҳтар намуда, баҳри баланд бардоштани нуфузу эътибори ҲХДТ, ҳамзамон баҳри ободиву зебогии Ватани азизамон дар якҷоягӣ бо аъзоён ва ҷонибдорони фаъоли ҲХДТ талош варзида, саҳми арзандаи хешро хоҳанд гузошт.