ҶАВОНОН - ОЯНДАИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТ

Қубодиён: Созандагони ватан  

   Дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён ва дар ҳамбастаги бо ШВКД дар ноҳияи Қубодиён ва Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Қубодиён, мизи мудаввар дар мавзӯи "ҶАВОНОН ОЯНДАИ БО ЭЪТИМОДИ ДАВЛАТ" бахшида ба "Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон" доир карда шуд. Дар кори мизи мудаввар раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин, муовини Сардори ШВКД дар ноҳияи Қубодиён подполковники милитсия Иброҳимзода Камолиддин, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Қубодиён Назаров Ҷӯрабек, Сардори шӯъбачаи РОҲПНҶ- и ШВКД дар ноҳияи Қубодиён майёри милитсия Ҷалилзода Абдулваҳоб, ҷавонони ТҶҶ "Созандагони Ватан" , ҷавонони фаъоли гурӯҳи Авангард (Пешоҳанг)-и ноҳияи Қубодиён ва ТҶ "Пайравони Пешвои Миллат" иштирок доштанд. Кори мизи мудавварро раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён, Абдуллозода В, оғоз намуда қайд намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ сарфи назар аз душворҳои зиёди сиёсию иқтисодӣ ва нокомиҳо ҷиҳати ташаккул додани соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки мо онро дар мисоли ҳаёти ҷавонони кишвар хеле равшан мушоҳида менамоем. Сипас муовини Сардори ШВКД дар ноҳияи Қубодиён подполковники милитсия Иброҳимзода Камолиддин, дар суханронияшон қайд намуданд, ки сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт ва самараи дилхоҳ ба бор овард. Имрӯзҳо дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат намуда, зумрае аз онҳо дар рушди иқтисоди миллӣ ва дигар соҳаҳо ҳиссаи назаррас мегузоранд. Баъдан мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Қубодиён Назаров Ҷӯрабек дар баромадашон қайд доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани иқдомоти онҳо дар ҷомеа имкониятҳои созгор фароҳам меорад. Инчунин Сардори шӯъбачаи РОҲПНҶ- и ШВКД дар ноҳияи Қубодиён майёри милитсия Ҷалилзода Абдулваҳоб иброз доштанд, ки дар ин асно махсус қайд кардан бамаврид аст, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноке, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он бештар таваҷҷуҳ намуд, ин сиёсати давлатии ҷавонон дар мавриди тарбияи дурусти насли наврас, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон, ташаккули ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва эҳтироми онҳо нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои миллӣ мебошад. Инчунин ҷавонони фаъоли гурӯҳи Авангарди ноҳияи Қубодиён, ТҶҶ "Созандагони Ватан" ва ТҶ "Пайравони Пешвои миллат" баромад намуда, қайд намуданд, ки қадами нахуст дар самти ташаккулдиҳии сиёсати давлатии ҷавонон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”мебошад, ки он ҳануз дар ҳафтумин моҳи бадастории Истиқлолияти давлатӣ, баъди қабули Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 1992 ба тасвиб расид. Дар охири кори мизи мудаввар аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён, инчунин роҳбарияти ШВКД дар ноҳияи Қубодиён ва роҳбарияти бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ба як қатор ҷавонони фаъол ва варзишгарони ноҳияи Қубодиён, Сипосномаву тӯҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд...