Арвохи гузаштагони худ шод кунед...

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Санаи 27 июни соли равон амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» дар якҷояги бо мардуми маҳал дар оромгоҳи чамоати «Озодагон»аз чумла деҳаи Ҳасан Шеров тахти унвони «Рузи Ёдовари» гузаронида шуд , ки дар он кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳия ва сокинони меҳнатдӯсти деҳаи номбурда иштирок намуда, саҳми худро дар ин аксия гузоштанд.

 

Зимни Аксия корҳои тозагӣ ва ободонӣ гузаронида шуд, ки дар он сокинон хасу хошокҳои онро тоза карданд.

Ҳамзамон дар натиҷаи гузаронидани ҳашари умумӣ аз тарафи масъулин ба иштирокчиён муҳтавои он ва ҳадафи аксияи мазкур фаҳмонида шуд ва аз тарафи сокинон қайд гардид, ки онҳо метавонад минбаъд ҳар моҳ ин кори хайрро амалӣ намуда, рӯҳи гузаштагони худро шод намоянд.