ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ

Панҷ: Андеша  

. Ваҳдат — беҳтарин неъмат, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқею мақоми онро дар миқёси чаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии мост, ки  халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидаасг. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Танҳо дар сурати Ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар шуданд, рӯзгори мардумро ру ба беҳбудӣ овард, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт ру овард. Ба ақидаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад. дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ, намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».

Маҳз бо кушишҳои пайгиронаи Асосгузори сулху Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешонро сарчамъ овард, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

 

 

Абдувализда Шукрона – мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар н.Панҷ