Поянда бод, Ваҳдати миллӣ!

Панҷ: Андеша  

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ то кунун, марҳилаи кҷӯтоҳ, вале пурмасъулияти сарнавиштсозӣ эҳёи суннатҳои давлатдории милливу таърихиро пушти сар намудааст.

Дар ин масири начандон кӯтоҳ ва таърихи давлатдории навини тоҷикон воқеаҳое рух доданд, ки барои таърихи ин давлат сиёсати дохиливу хориҷӣ, рушди иқтисод, фарҳангу маънавиёт ва эътибори байналмилалии Тоҷикистон аҳамияти воқеан таърихӣ доранд.

Яке аз чунин дастовардҳои беназири таърихи замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба амал омадани ҷангҳои хунину даҳшатбори шаҳрвандӣ, ки ҷони садҳо нафар инсонҳоро аз байн бурд рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ мебошад. Яъне санаи 27 июни соли 1997 рӯзи ба имзо расидани ин Созишномаи таърихӣ барои мо мардуми тоҷик вқеан, оғози ҳамдигарфаҳмиву, сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоиштаи халқамон мебошад.

Ба ин хотир бо шукргузорӣ аз сулҳу субот, соҳибистиқлолии кишварамон Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаву инсонпарварона, оқилонаву сулҳофаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки маҳз тавассути хизматҳои шоистаи ин абармарди ҷаҳони сиёсат ва меъмори ваҳдат, сулҳу оромӣ насиби мардуми тоҷику тоҷикистонӣ гардид, ҳар сол санаи 27 июн дар ҷумҳурии соҳибис-тиқлоламон ҳамчун «Рӯзи ваҳдати миллӣ» таҷлил мегардад.

Воқеан таҷрибаи сулҳи тоҷикон, бешак аз ҷумлаи ҳамон рӯйдодҳои таърихиест, ки сиёсати хирад-мандона, дурандешии таърихӣ, ҷавонмардӣ, ватанпарастиву мардум-солорӣ ва талошу фидокориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он нақши калидӣ дорад.

Зеро муваффақ шудан ба ризоияти миллӣ ва сулҳу ваҳдат натиҷаи мантиқии сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат дар ин роҳ мебошанд.

Роҳбарии хирадмандона, сиёсати беназири инсонӣ, руҳи қавии ватанпарастӣ, ҳамкории пурсамар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнҳои ҳокимияти давлатҳ, ташкилотҳои ғайриҳукумативу ҳизбҳои сиёсӣ, эътиқоди мардуми диёр, аз ҷумла гуруҳҳои мухталифи сиёсӣ нисбат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз омилҳое буданд, ки дар амалӣ намудани нақшаҳои неку созанда мусоидат карданд.

Имрӯз хушбахтона таҷриба ва амалияти сулҳу тоҷикон на танҳо аҳамияти миллӣ, балки арзиши ҷањонӣ низ пайдо намудааст. Чунки ин роҳ намунаи хуби ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ дар давлатҳои минтақаҳои гуногуни ҷаҳон шуда метавонад. Беҳуда нест, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷодаи таъмини сулҳу ваҳдат ба Ватан ва ба макони зист баргардонидани қариб 1 миллион муҳоҷиронии иҷбории дур аз Ватан афтода, ташкил намудани шароиту зиндагии хуб барои онҳо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалии дунё арзёбӣ шуда, ҳамчун намуда эътироф гардидааст.

Зеро таърихи инсоният кам ёд дорад, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар чунин як муҳлати кутоҳ хотима ёбад ва ҷонибҳои даргир ба ҳам дасти дӯстиву бародарӣ дода, ба хотири Ватан, сарзамин, амнияти халқу миллат ва арзишҳои миллӣ муттаҳид гарданд.

Иқдому ташаббусҳои ҷавонмардонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини сулҳу субот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ихтиёр ба шинохт ва эътирофу эҳтироми дастовардҳои таърихии миллати тоҷик, гиромидошти мероси бою пурғановати ниёгонамон, густариши ҳуввияти миллӣ ва боло рафтани ғуруру нангу номуси меҳанпарастӣ мусоидат намуданд.

Таъмини сулҳу субот, ваҳдати сартосарӣ, ризоияти миллӣ ва оромӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ва дар заминаи ин аз вартаи нестӣ ва парокандагӣ наҳот додани давлату миллати тоҷик аз бузургтарин ва беназиртарин хизматҳои тақдирсози Пешвои миллат барои ин миллати куҳанбунёди таърихӣ ва соҳибфарҳанг мебошад.

Итминони комил дорем, ки кохи муҳташами сулҳи тоҷикон, ки бевосита бо дастони чеҳраи сиёсии эътирофшудаи сатҳи байналмилалӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шудааст ҳазорсолаҳо бегазанд хоҳад монд.

Ҳамзамон таҷрибаи бузурги сулҳоварӣ ва давлату миллатсозии Пешвои тоҷикони ҷаҳон садсолаҳо мавриди омӯзиш, пазириш ва таваҷҷуҳи ҳамешагии давлатҳои олам ва аҳли башар қарор хоҳанд гирифт.

Файласуфи Юнони қадим Арасту гуфтааст: «Афлотун дӯсти ман аст, вале ҳақиқат аз он болотар аст».

Дар ин замина воқеан ҳақиқати таърихии ба даст овардани сулҳу суботу оромӣ барои миллати тоҷик ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва хомӯш намудани ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо иғвову дасисаи душманони миллат сар зада буд, арзиши воло ва бебаҳотарин маҳсули ақлу хиради мардуми тоҷик дар ростои шукргузорӣ намудан аз сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Имрӯз бо гузашти 25 сол вақте ки ба таърихи начандон дури кишвари соҳибистиқлоли худ назар меафканем мебинем, ки сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ барои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ чӣ гуна қадру қиммат дорад. Бо ибораи дигар тамоми комёбиҳои кишварамон аз баракати сулҳу субот, оромии сиёсӣ ва сиёсати сулҳпар-варонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.

Дар баробари ин ҳар яки мову Шумо насли калонсол, яъне он нафароне, ки тамоми даҳшату маҳрумиятҳои он айёми пурфоҷиаро аз сар гузаронидаем бояд тамоми донишу таҷриба ва саъю талоши худро барои таҳкими сулҳу субот ва устувории пояҳои давлатдории мил-лиамон сафарбар намоем.

Итминони комил дорам, ки мардуми шарифи ноҳия минбаъд низ ба хотири созандагии Ватан, таҳкими ваҳдату дӯстӣ ва рушди босуботи кишвари азизамон саъю талош намуда, намунаи ватандӯстиву ободгарӣ нишон хоҳанд дод.

Бигзор Тоҷикистони азизи мо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то абад маъвои сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва пешрафту ободӣ бошад.

Раиси ноҳияи Панҷ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер