ҲИФЗИ ПИРЯХҲО-ТАҚОЗОИ ЗАМОН

Панҷ: Андеша  

Боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки ба рушди устувори ҷомеа таъсири мусбӣ расонида метавонад аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ пайдо намуд. 

Обшавии пиряхҳо имрӯз дар тамоми минтақаҳои сайёра, мушоҳида карда мешавад. Аз маълумотҳои воситаҳои ахбори омма маълум аст, ки дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон ҳаҷми пиряхҳо сол ба сол кам шуда истодааст. Аз ҷумла, пиряхҳои машҳури кӯҳи Килиманҷарро дар Африка тамоман коҳиш ёфтааст. Масоҳати пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ 17-18 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад. Аҳамияти пиряхҳо дар табиат ва ҳаёту фаъолияти одамон ниҳоят калон аст.

Пирях-тӯдаи яхҳои таббии рӯи заминӣ, солҳои сол аз бориши барф зам шудаанд, ки ҳамеша дар ҳаракат буда, дар як шабонарӯз якчанд сантиметр то даҳҳо метр ҳаракат мекунанд. Пиряхҳо сарвати гаронбаҳо, манбаи асосии оби тозаи ошомиданӣ на ин, ки барои кишварҳои Осиёи Миёна балки тамоми сайёра ба ҳисоб мераванд.

Тибқи маълумотҳои мавҷуда дар Тоҷикистон тақрибан 13 ҳазор пирях ба ҳисоб гирифта шудааст, ки майдони умумии онҳо 8476.4 километри мурабаъро ташкил менамояд. Айни замон қариб як ҳазор пиряхҳо ба об табдил ёфтаанд. Паряхҳои мазкур дар Помири Ғарбию Шимолӣ ва куҳистони Ҳисору Олой дар баландиҳои 3000-3500 м. воқеъ гардида ба дарёҳо 61,8 километри мукааб об медиҳанд. Дарёҳои калонтарини Тоҷикистон (Сир, Зарафшон, Панҷ ва ғайра) аз пиряхҳо ибтидо мегиранд.

Соли 2014 баҳри ҳифзи паряхҳо дар ҷумҳурӣ “Марказӣ омӯзиши пиряхҳо” таъсис дода шуд, ки оид ба омӯзиши пиряхҳои калонтарини ҷумҳурӣ, аз ҷумла пиряхи Федченко экспедитсияҳо ташкил карда шуд.

Маҳмадова Лайло-мутахассиси бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.