Даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ

Панҷ:  

Дар ҳошияи дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии Ҳизб ва тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ноҳия дар қисми ҳарбии 0306 раёсати ҳифзи сарҳадоти КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманди  хонандагони муассисаҳои таълими ноҳия бо афсарону сарбозони қисми ҳарбии номбурда баргузор гардид. Дар вохурии мазкур намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳия, муовини раис Мақсадов Н. иштирок доштанд. Дар ин вохурӣ вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии мамлакат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»,  сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифродгароӣ, дурусту мақсаднок  истифода намудани шабакаҳои иҷтимоӣ суханрони намуданд. Дар вохурии мазкур баромадкунандагон  дар бораи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” фикру ақидаҳои худро баён намуда, аз нозукиҳои қонунҳои мазкур ба хонандагон шарҳу тавзеҳ доданд.