ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Панҷ: Вокуниш  

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бар зидди экстремизм ва терроризм маҷмӯи чорабиниҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ амалӣ гашта истодаанд, ки дар байни онҳо мавқеи марказиро Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ишғол мекунад.

Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амниятии на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Аз ин рӯ Тоҷикистон бо дигар давлатҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо, инчунин созмонҳои байналмилалӣ, ки вазифаашон аз мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм иборат аст, ҳамкории самарабахш анҷом дода истодааст. Дар ин замина мақомоти дахлдори кишвар аз таҷрибаи байналмилалӣ ҷиҳати мубориза бо чунин зуҳурот васеъ истифода бурда, механизми ҳамоҳанги муқовимат ба терроризм ва экстремизми байналмилалиро таъсис дода, ҳама гуна роҳҳои қочоқи яроқ, маводи тарканда дар дохили кишвар ва роҳҳои воридоти онҳоро аз хориҷа ба таври эътимоднок бартараф кардаанд.

Имрӯз, ки таҳти роҳнамоии Пешвои муаззами миллат Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави инкишофу пешрафт ворид шудааст ва роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқyқбунёдро бебозгашт пеш гирифтааст, зарурияти тарѓибу ташвиқоти тарзи солими ҳамзиштӣ, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва пешбарӣ кардани ғояҳои пешқадам дар тарбияи маънавии ҷавонон баръало ба назар мерасад.

Аз ин рӯ, ҳар як узви ҷомеа: волидайн, омӯзгорон, фаъолон, пирони соҳибтаҷриба, ходимони ҷамъиятию сиёсиро зарур аст, ки насли наврас ва ҷавононро пайваста ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ, донишандӯзӣ, ҳунаромӯзӣ, тарбияи ҷисмонӣ, тарзи ҳаёти солим, меҳнатдӯстӣ, инсонпарварӣ даъват карда, дар рӯҳияи садоқат ба Ватан тарбият намоянд. Дар натиҷа метавон ин падидахои номатлубро аз ҷомеа решакан кард.

Маҳмадова Лайло-Мутахассиси бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.