Нашъамандӣ – яке аз амалҳои номатлуби ҷаҳон

Панҷ: Вокуниш  

Дар давоми солҳои охир нашъамандӣ ва майзадагӣ ба саломатии мардуми сайёра, аз ҷумла аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдиди ҷиддӣ пеш оварда, дар самти пешравии фарҳангии ҷамъият монеа эҷод намуда истодааст. Чораҳои андешидашуда оид ба дастур, таҳлил ва баҳодиҳии вазъ, аз ҷумла бартараф намудани ин падидаи номатлуб ба такмил ва таҷдид ниёз доранд. Дар айни замон зарурати омўзиши илман асосноки вазъ, гузаронидани таҳқиқоти иҷтимоӣ дар байни аҳолӣ барои муайян намудани сабабҳои паҳншавии ин зуҳурот ва андешидани чораҳои мушаххас ба миён омадааст.
Нашъамандӣ чун як бемории ғайриоддӣ ба тамоми узвҳои инсони истеъмолкунандаи маводи нашъаовар, аз қабили асаб, гурда, дил ва дигар узвҳои дарунӣ таъсир карда, беморро маҷруҳ мегардонад.
Имрўзҳо касоне, ки ба ин кор даст мезананд, ниҳоят зиёданд. Онҳо шояд бо сабабҳои дур гаштан аз ғаму дард, нуқсону камбудиҳои ҳаёт ё бо сабаби ёр шудани беморӣ, шояд аз нодонӣ аз оқибатҳои он ё бо сабаби айшу роҳат ба ин амали номатлуб даст мезананд. Имрўзҳо душвор нест дарёфт кардани нафароне, ки бе тарсу ҳарос даст ба куштору дуздӣ мезананду хиёнат ба номусу ҷоҳилиҳо мекунанд. Албатта, ин гуна шахсон бевосита истеъмолкунандагони ин маводи зарароваранд, ки заррае аз кору кирдори кардаашон огаҳие надоранд, зеро он беҳушу ёдашон мегардонад.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон чун маъхази бузурги китоб дар мавзуъи нашъаву нашъамандӣ низ матолиби зиёдеро нигоҳ медорад ва мутолиаи онҳо барои ҳам муътодон ва ҳам барои касоне, ки мехоҳанд дар ин бора маълумоте дошта бошанд, муфид аст.                  

Ҳақназарова Мавзуна – мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.