Ҷавононро гумроҳӣ ба ифротгароӣ мебарад.

Панҷ: Вокуниш  

Аз рӯи нишондоди оморӣ, ҷавонони то 30-сола қариб 70% аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Ба ин хотир, вақте мегӯем, “ҷомеа”, асосан ҷавононро дар назар дорем ва вақте “мушкилоти ҷавонон” мегӯем, пеш аз ҳама, мушкилоти тамоми ҷомеаи Тоҷикистон дар назар аст.Гуфта мешавад, имрӯзҳо ба ҳисоби миёна беш аз 80%-и таркиби гуруҳҳои ифротиро ҷавонон ташкил медиҳанд ва бо дарназардошти рушди технологияи муосир ва осебпазир гардидани фазои иттилоотӣ, беш аз 90%-и ҷавонон ҳадафи ҷалби эҳтимолӣ ба гуруҳҳои ифротӣ қарор гирифтаанд. Ин, воқеан, рақами нигаронкунанда ва ташвишовар барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

Албатта, бекорӣ, камбизоатӣ ва мушкилоти молӣ аз ҷумлаи омилҳои ибтидоӣ буда, наметавонанд ба унвони омили асосӣ истифода шаванд. Масалан, метавон аз тамоми дунё чандин мисолҳо овард, ки аксари нафарони ба гуруҳҳои ифротӣ пайваста аз лиҳози бекорӣ, камбизоатӣ ва мушкилоти молӣ камбудӣ надоштанд. Нафароне ҳам, ки ба ин омилҳо ба гуруҳҳои ифротӣ пайвастаанд, бешак, ба онҳо омилҳои минбаъда таъсири асосиро гузоштааст. Вагарна, ба ҳеҷ ваҷҳ он гуруҳҳои ифротӣ барои эшон шароити беҳтару хубтари зиндагӣ пешниҳод карда наметавонанд. Баръакс, эшонро ба сӯи ранҷ ва маргу бадбахтӣ тела медиҳанд.

Бархе аз муҳаққиқон таъкид мекунанд, ки аъзои гуруҳҳои ифротӣ нишонаҳои хос доранд ва ҷавононро зарур аст, ки онҳоро шиносанд. Дигаргунӣ дар дашному ҳақоратҳо ва сару либос, намозгузорӣ, интихоби мусиқӣ, канораҷӯӣ, мутолиаи пайвастаи китобҳои идеологӣ, муносибат бо ҷинси муқобил, равобити виртуалӣ ва ғайра аз ҷумлаи онҳоянд.

Бо мақсади пешгирӣ аз оқибатҳои фаъолшавии гуруҳҳои террористиву экстримистӣ ва хатарҳои он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди СММ ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор додаанд ва эшонро ба муттаҳидшавӣ алайҳи чунин зуҳуроти номатлуб даъват намудаанд. Ҳамзамон, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамвора дар баромадҳои худ аз мардуми кишвар даъват ба амал меоранд, ки “ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳед”, “ватану миллати худро дӯст доред”, “ба арзишҳои милливу маънавии худ эҳтиром гузоред”.

Яке аз минбарҳои аслии гуруҳҳои ифротӣ сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мебошад. Мубаллиғон мавзӯъҳои баҳснокро ба муҳокима мегузоранд, нуқтаи назари худро бо истифода аз номи Худо ва аҳодиси Пайғамбар кӯшиш мекунанд то андозае мутобиқ созанд ва дар охир иштирокчиёни баҳсро ба ҷониби худ ҷалб намоянд. Дар ин маврид омили пешгирикунанда ҷавоби сазовор додан ба эшон аст. Ин раванд бетарафиро намепазирад. Фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки фаъол будани худро нишон диҳанд ва дар бахсҳои шабакаҳои иҷтимоӣ на ба ҳайси тамошобинони бетараф, балки ҳамчун ҳомиёни воқеии ватану миллати худ баромад намоянд ва бо таъсири сухани худ иддаои ифротгароёнро ботил сохта, ҷавононро ба роҳи рост раҳнамоӣ кунанд.

Мушкил ҳамеша домангири ҷомеаи ҷаҳон ва бахусус, Тоҷикистон аст ва раҳоӣ аз ин мараз талошу заҳамоти намояндагони тамоми соҳаҳоро талаб дорад. Бояд ҷомеа, муҳит ва мактабу коргоҳ барои ҷилавгирӣ аз пайомадҳои номатлуби ифротгароӣ масъул бошанд ва бикушанд, то ин зуҳуроти номатлуб ҷомеаи ободу озод ва суботу амнияти Тоҷикистони азизро доғдор насозад.

 Маҳмадова Лайло-Мутахассиси бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.