Имрӯзҳо ҷавонони ноҳияи Панҷ бо як рӯҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ ва масъулияти баланд ба сафи ҲХДТ аъзо шуда, пайравӣ аз мактаби сулҳҷӯёнаву ободкоронаи Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон менамоянд. Инҳо аз зумраи чунин ҷавононе мебошад, ки ба КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ аризаҳои худро барои пайвастан ба сафи ҲХДТ пешниҳод карда буданд ва аз ҷониби мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Ҳошимов тоҳир шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Бояд қайд намуд, ки аъзои ҳизб будан масъулияти баландро тақозо менамояд, зеро ки ҲХДТ ҳамчун ташкилоти ҷаъмиятӣ- сиёсӣ, бо роҳи иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум фаъолият менамояд.