ВАРЗИШ ВА ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Панҷ: Созандагони ватан  

     Дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯз то рӯз шароитхои хубтар барои рушди соҳаҳои гуногуни варзиш муҳайё мегардад. «Дарвоқеъ, варзиш дар ҳама давру замонҳо барои инсоният аҳамияти хосса дошт ва он яке аз омилҳои муҳимми ташаккули шахсияти солими ҷомеа аст. Варзиш қисми муҳимми фарҳанги умумибашарӣ ва қосиди сулҳу амонӣ буда, ба таҳкими саломатӣ, рушди хамаҷонибаи кобилияти ҷисмонии инсон мусоидат мекунад, инчунин, пайвандгари муносибатҳои дӯстӣ, ҳамдилӣ ва ошноии мардумони гуногуни олам мебошад».

Вобаста ба тадбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб, ки варзишро яке аз омилҳои асосии саломатии омма меҳисобад, устодону мураббиён ҳамарӯза дар ноҳия ҷавонону наврасонро барои обутоб додани бадан ба намудҳои варзиш ҷалб намуда, мусобиқаҳо мегузаронанд.