ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 31-уми майи соли ҷорӣ бо дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии ҲХДТ яке аз ташаббусҳои ҳизбӣ дар ноҳияи Панҷ амалӣ гардид. Дастгириву ғамхорӣ зоҳир намудан ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла маъюбону барҷомондагон, камбизоатон, ятимон ва ниёзмандон яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба шумор меравад. Имрӯз аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба як нафар маъюб Гадоева Насима сокини ҷамоати шаҳраки Панҷ, кучаи ба номи Свердлова нафақаи ҳизбӣ расонида шуд.

Аз ин амали нек пайвандону наздикони Гадоева Насима хушҳол гардида, барои чунин ғамхориҳо ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минатдории самимона намуданд.