БАРГУЗОРИИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 27 майи соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳия дар асоси Амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон “Соати сиёсӣ” доир гардид.

Дар соати сиёсӣ хонандагон иштироки фаъолона доштанд ва онҳо дар мавзуъҳои  “Вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон”, “Паёми Пешвои миллат роҳнамо ва ҳидоятгари мост” ва “ 2025 соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо” баромадҳо ва суҳбатҳои судманд баргузор намуданд.