1 июн – Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон

Панҷ: Андеша  

Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Тоҷикистон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии худ ҳифзи кӯдаконро дар ҷои аввал гузошта, баҳри некуаҳволии ин қишри ҷомеа заҳмату талошҳои зиёд кашидааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ҳамчун бузургтарин ташкилоти ҷамъиятӣ-сиёсӣ бо роҳбарии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакон, ҳифзи онҳо ва умуман насли ояндасози миллат таваҷҷуҳи беандоза дорад. Дар давлати демократи баланд будани сатҳи фаъолнокӣ ва маърифати сиёсии аҳолӣ ҳифзи кӯдакон бисёр муҳим ба ҳисоб меравад.

Мусаллам аст ҳар сол рӯзи якуми июн дар кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад, ки Тоҷикистон аз шумораи чунин кишварҳост.

Таҷлили ин рӯз ҳанӯз 63 сол қабл бо қарори Анҷумани Шӯрои федератсияи байналмилалии демократии занон- бори аввал соли 1950 дар даҳҳо кишварҳои дунё амалӣ шуда буд.

Воқеан кӯдакон ояндаи осудаву ободии ҳар миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд.

Бо мақсади беҳбуд бахшидан вазъи иҷтимои кӯдакон, ҳифзи онҳо аз ҳар гуна омилҳои беруна даҳҳо санадҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва монанди инҳо қабул шудааст, ки барои ҳаёт ва инкишофи кӯдакон заминаи устувор фароҳам меоваранд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки сарфи назар аз мунтазам зиёд шудани даромадҳо ва беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ дар давоми солҳои охир, дар Тоҷикистон то ҳол камбизоатии кӯдакон вуҷуд дорад. Дар мамлакатамон сатҳи камбизоатӣ байни кӯдакон назар ба калонсолон баланд боқӣ мемонад. Чунки хонаводаҳои серфарзанд бо хатари бештари камбизоатӣ рӯ ба рӯ мешаванд.

Бо назардошти аҳамияти бузурги ин масъала, Ҳукумати Тоҷикистон аз ибтидои давраи истиқлолияти давлатӣ ба Конвенсияҳои болозикри дорои аҳамияти байналмиллалиро эътироф карда, дар ин замина санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии кишварамонро бо муқарароти онҳо мутобиқ намудааст.

Тоҷикистони соҳибистиқлол аз рӯи нишондодҳои сину сол яке аз давлатҳои ҷавон ба ҳисоб рафта, имрӯз 35 фоизи сокинони мамлакатамонро ташкил медиҳанд. Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи ҲХДТ самти кӯдакону наврасон мавқеи аввалиндараҷа дорад. Ҳамин аст, ки ин қишри ҷомеа доимо таҳти ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакатамон қарор дорад. Дар ин росто, муносибат ва диди ЮНИСЕФ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ дар аввалин чаҳорчубаҳои стратегии глобалии он бахшида ба ҳифзи иҷтимоӣ оварда шудааст. Дар ин ҳуҷҷат ҳифзи иҷтимоӣ бо назардошти манфиатҳои кӯдакон асоснок шудааст.

Тоҷикистон тибқи Конститутсияи худ давлати иҷтимоист ва барои ҳифзи иҷтимоии кӯдакону наврасон, аз ҷумла гурӯҳҳои ниёзманду камбизоати аҳолӣ вазифадор мебошад. Инчунин ҳамаи кӯдакони мамлакат узви соҳибҳуқуқи ҷомеаи мо буда, барои табобат, таҳсил ва фароғат ҳуқуқи комил доранд.

Бо мақсади таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, хусусан кӯдакони маъюб, оид ба нигоҳбину парасторӣ, таҳсили бепул, таъинот бо нафақа, хобгоҳ, ҷои кор ва беҳтар намудани вазъи моддии кӯдакон аз ҷониби Ҳукумати кишвар то ба имрӯз тадбирҳои зиёде андешида шудаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон меъёрҳои байналмилалиро оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодии кӯдакон қадам ба қадам амалӣ мегардонад. Дар кишвари мо ҳимояи ҳуқуқ, ҳифзи саломативу ҳаёти кӯдак, фароҳам овардани шароит барои таҳсилоти ӯ аз ҷумлаи самти афзалиятноки сиёсати давлат мебошад. Ба ҷомеаи мутамаддин аз рӯи меъёре баҳо медиҳанд, ки дар он нисбат ба ниёзмандтарин қишри ҷомеа, яъне кӯдакони ятиму маъюбон ва мӯйсафедон чӣ гуна муносибат мекунанд. Аз ин рӯ, танҳо саъю талоши дастаҷамъонаву муштараки ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳар як шаҳрванди мамлакат метавонад ба зиндагии фарзандони кишвар хушбахтӣ ва оромиву осудагӣ бахшад. Танҳо набояд фаромӯш кард, ки барои рушди ҳаматарафаи кӯдак ва инкишофи ҷисмониву зеҳнии вай фазои орому озод, муҳити пурмуҳаббат ва эҳсоси ғамхорӣ нисбат ба ӯ лозим аст. Ояндаи ҷомеа дар дасти кӯдакони имрӯз аст, ки фардо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд. Аммо онҳо чӣ гуна ба воя мерасанд ва ҷомеаро чӣ гуна идора мекунанд, аз мо - калонсолон вобаста мебошад. Инро бояд ҳар кадоми мо ҳамеша дар ёд дошта бошем. Яъне кӯдакро мо бояд барои ҳаёти мустақилона дар ҷомеа ба таври шоиста омода кунем. Ӯро бояд дар рӯҳи ватанпарварӣ, миллатпарварӣ, сулҳдӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ахлоқу рафтори неку ҳамида тарбия намоем.

         

  Файзизода К.Н. – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ