83138 2-40-07

ТАЪМИРИ ҶОРИИ МАКТАБҲО ДАР ҲАМКОРӢ БО КУМИТАИ ПАДАРУ МОДАРОН.

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Норак таъмири мактабҳо ва дохили синфхонаҳо бо маром  идома  дошта, дар  ин  кор саҳми кумитаҳои падару модарон, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ назаррас мебошад.

Дар муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умуммии №4, ки аз се ошёна ва 26 синфхона иборат мебошад, дар ҳамкорӣ бо кумитаи падару модарон, аъзо ва  ҷонибдорони ҲХДТ, таъмири ҳамаи синфхонаҳо ба анҷом расонида шуда, рангу бор кардани панҷараҳои  роҳравҳои дохил ва деворҳои беруни муассиса идома дорад.