Бо рушди илму техникаи асри ХХI метавон иттилоъро дар як лаҳза дар саровари интишор дод ва дар ҳамон лаҳза мутолиа намуд. Аз ин рӯ, ҳамагуна воқеаву ҳодиса дар расонаҳои гуногун баробар паҳн мешавад. Вале расонаҳо ба воқеаву ҳодисаҳо аз дидгоҳи худ шарҳ медиҳанд. Дар иттилоъ манфиати шахсӣ, гурӯҳӣ, ақидаи роҳбарикунанда, андешаи муаллиф ва ноширро низ зикр мекунанд. Баъзе қувваҳои тахрибкор хабарро танҳо ба хотири манфиатҷӯӣ пахш мекунанд ва ба иттилои сӯзанда бештар диққат медиҳанд. Чунки он барои тахрибкорӣ истифода шуда, ҷомеаро аз раванди табиии пешрафташ берун мекашад.
Маҳз иттилои тасаввури манфиро бавуҷудоваранда дар сомонаи аъзоёни Ҳизби наҳзати исломӣ пайдо мешавад. Ин гурӯҳ умри худро сарфи сафсатаи авомфиребона ва мунофиқона намуда, ки аз виҷдони поку ғурури ҷавонмардӣ дар вуҷудашон чизе намондааст. Сари андешаи хом бо интишори матлаби бадномкунанда дар расонаҳои иттилоотии зери назорати худ, доду вой доранд.
Ин иддаокунандаҳо аз пеши пои худ қадами фарозтарро надидаанд, чунки кӯтоҳназаранд. Онҳо пуштибон ва ҳам пайравони ин ҳизбанд, сари ҳар зӯромаде дари созмону ташкилотеро мекӯбанду хоки пояшонро ба дидаҳо молида, ба умеди «маслиҳат»-и аҷнабиён ба ин ватан душманӣ мекунанд. Ин танҳо иғвогариву мунофиқӣ аст. Чунки Ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстримистӣ шинохта шудаву фаъолияташ қатъ гардидааст, наметавонад аз номи мардуми Тоҷикистон сухан бигӯяд. Лекин бо ду-се гумроҳ дар утоқҳои корӣ нишаста, тарҳи низои наве барои ин сарзамин мекашанд. Гоҳо агар дар ин ё он гӯшаи дунё авзоъ ташаннуҷ ёбад, аввалин шуда ТТЭ ҲНИ табли шодӣ мезанад.
Бояд тазаккур дод, дунё бар пояи адлу инсоф пойдор аст. Аҳли наҳзат аз адлу инсоф дуранд ва бо ин ибора ду чизи муқобиланд. Онҳо ба ҳар сухане эрод мегиранд. Бо интиқоди авомфиребона, аъмоли разилонаи худро пинҳон кардан мехоҳанд ва дар ситоиши наҳзатиҳои гуреза қиссаҳо меофаранд, вале намедонанд, ки ҷараёни ҷомеа чунинҳоро мисли хасрӯба ба соҳил афканда, дигар барои дар фазои озоду солим шино намудан, имкон намедиҳад, магар ба ҷуз пӯсида несту нобуд шудан. Аз ин рӯ, ягон кори дунё ба муроди дили фирориён набудаву намешавад. Замоне бо ҳамин гуна иғвоангезӣ ҷанги шаҳрвандиро бо истифода аз вазъи бесомонии мамлакат сар кардаву ба кишвари ҷангзадаи Афғонистон фирор намуда буданд. Ҳоло бошад, овораи кишварҳои аврупоӣ гардидаанд.
Парда аз рӯи риёкорон бардошта шуд ва ҷилваи минбарии ТТЭ ҲНИ сар омад. Ба мардум фатвои мувофиқи нафси худ медоданд, то пайрави онҳо бошанд. Аммо хориҷшавии фавҷ-фавҷи мардум аз ҳизби козибро таҳаммул накарданду сар паи аҷнабиён заданд. Дигар на аз дохил ва на аз хориҷ обрӯе нахоҳанд ёфт, чунки умедҳо бар боди фано рафт.
С. Сулаймонӣ