83138 2-40-07

Ваҳдат сарчашмаи саодатмандист.

Норак: Андеша  

Ваҳдат калимаест, ки ба маъною оҳангаш шахсро ба ягонагӣ ва мутаҳиддӣ даъват мекунад. Тақдири миллати тоҷик дар солҳои ҷанги бародаркӯш ашки сари миҷгонро мемонд. Ваҳшонияти он айёми нобасомон доғе ба дили пиру ҷавон гузошта, ба ҳар хонадон осори ғаму андӯҳ ниҳода буд. Худованд ба оҳи модарон ва нолаи хоҳарон раҳм карда, шахсеро аз миёни халқ ба роҳбарӣ овард, ки  ӯ тавонист  ҳаёти осоиштаро барқарор намояд. Мардуми шарафманди кишвар  он солҳоро нағз дар хотир доранд. Сулҳу субот ба давлати мо ба осонӣ ба даст наомаадааст.  Баъди гуфтушунидҳои зиёд ва талошҳои пайвастаи  роҳбари давлат Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расонида шуд ва 27 июн Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд.

Ваҳдати ҳақиқии миллӣ  бидуни инкишофи тафаккури таърихӣ, ҳудшиносии миллӣ, бузургдошти забон, фарҳанги ниёгон ва равнақу ривоҷи шуури миллӣ тасаввурнопазир аст. Маҳз бо сиёсати дурандешона ва некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагии орому осоишта насибамон гардид ва сокинони кишвар шукри соҳибистиқлолии кишвар, шукри ин хоку оби Ватан ва шукри Пешвои сулҳофаррро менамоянд.  

Роҳбари муаззами давлат  ба масъалаи илм ва маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҳамеша таъкид менамоянд, ки маориф дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Инчунин, дар суханрониҳои  хеш кормандони соҳаи маорифро такрор ба такрор  таъкид менамоянд, ки пешрафти давлат, ояндаи осудаи ҷомеа ва ободии Ватан аз илму дониш ва саводу маърифати насли наврас, ҷавонон сахт вобаста мебошад, Президенти кишвар  таъкид намудаанд, ки омӯзгорон дар ҳама давру замонҳо нерӯи тавонно, ташаббускору фаъол, пешбари ҷомеъа ва тарғибгари ғояҳои олӣ буданду ҳастанд ва хоҳанд монд. Аз ин рӯ мо, кормандони соҳаи маориф  шукргузорӣ аз он менамоем, ки  дар даврони истиқлолият маҳз бо ташаббусу дастгириҳои Пешвои муаззами миллат барои насли ояндасози давлат муассисаҳои таълимии замонавӣ  бунёд карда шуданд.

Гузашта аз ин, барои пешрафти илму фарҳанг ва маданияти шаҳрвандии ҷавонон таъсиси стипендия ва квотаҳои президентӣ, барои шароити мусоид фароҳам овардан ба омӯзгорони ҷавон муқаррар намудани имтиёзҳо, яке аз ғамҳориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат –Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Ин дастгирию ғамҳориҳо мо омӯзгоронро водор менамояд, ки  насли наврасро воқеан ҳам, донишманду соҳибмаърифат, ҷӯяндаву ихтироъкор, донандаи илмҳои муосир ва забондону эҷодкор, яъне созандагони ояндаи ободи кишварамон ва муаррифкунандагони миллати некноми худ тарбия  намоем, ба онҳо дар муассисаҳои таълимӣ шароити мусоид фароҳам оварда, бо мутахассисони ботаҷриба таъмин намоем.                                                                                                                 Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон бояд аз он шукрона намоем, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ зиндагӣ менамоем ва нагузорем, ки сиёҳдилон бори дигар бо ниятҳои нопоки худ фазои сулҳу суботи моро халалдор созанд. Бинобар ин ҳар як шаҳрванди баору номуси ватанро зарур аст, ки истиқлолияти давлатиамонро ҳифз намояд.

Мо, мардуми шарафманди кишвар сулҳу суботи сиёсӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро асоси иродаи озоди мардум дониста, барои пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, рушду нумӯи иқтисодиёт, илму маориф, фарҳанг ва дар маҷмӯъ  давлатдории миллӣ саъю талош менамоем.

 Сафарова Аслия   Вакили Маҷлиси вакилони халқ  шаҳри Норак