83138 2-40-07

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ҶАВОНОН.

Норак: Андеша  

Дар боробари дигар  дастовардҳои  таърихӣ  дар Ватани  маҳбубамон бо азму талошҳои зиёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Тоҷикистони биҳиштосо Ваҳдати  миллӣ побарҷост. 

Агар Ваҳдат набошад,  нест  миллат,

Агар Ваҳдат набошад, нест давлат.          

 Оре, Ваҳдат накутарину волотарин неъмати зиндагист. Онро метавон беҳтарин дастовард номид. Дастоварде, ки миллатро аз парокандагию парешонӣ раҳоӣ бахшида, офтоби бахту саодатро болои сарашон партавафшон намуд. Он чун мурғи зарринбол баъди интизориҳои зиёд ба мулки азиятдидаи мо бол кушод. Аз файзи ваҳдат кишвар гулафшону нурафшон шуд. Моҳият ва  мафҳуми ваҳдат пайванди наслҳо ва ақидаҳост. Пайванде, ки  кинаву адоватро аз дилҳо дур сохта, миллатро сарҷамъ сохт.                 

 Рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ҳамчун санади таърихию  сарнавиштсоз  барои пешрафти  ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини истиқлолу ваҳдат  ва афзудани нуфузу  эътибори  ҷаҳонии  кишвар  мусоидат намуд. Чун имрӯз  аз   хусуси  сулҳу  ваҳдати миллӣ сухан  меронем,  пеш аз ҳама  симои абармарди олами сиёсат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  пеши назар  ҷилвагар мешавад.  Таърих дар ин маврид бори дигар нишон дод, ки мардуми тоҷик  дорои маданияти баланд  ва  соҳиби миллати абарқудрат буда, ақлу хиради  волою тавонояш таҷассумгари сулҳ аст. Аз сулҳи бадастовардаи миллати тоҷик  25 сол сипарӣ шуд. Бо сипари гаштани   рӯзу солҳо  мо аҳамияти таърихии  ин рӯйдоди сарнавиштсоз, қимати сулҳу субот  ва  Ваҳдати миллиро  бештар дарку  эҳсос    менамоем. Зеро маҳз аз баракати он мо тавонистем  истиқлолияти давлатӣ  ва  тамоми  арзии  ватани азизамонро  ҳифз намоем, мардумро  аз парешонию парокандагӣ, навмедию  руҳафтодагӣ  наҷот диҳем.  Дар яке аз суханрониҳои худ сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бахшида ба ин тантанаи бошукуҳ қайд кардаанд, ки ваҳдат номаи тақдири мо, кафили сарҷамъию  хушбахтии  имрӯзу ояндаи халқамон аст. Ин гуфтаҳои ҳикматомӯз  мо  ҷавононро  водор месозад, ки  дар роҳи  таҳкими истиқлолу ваҳдат  ва дигар арзишҳои муқаддаси миллатамон  сидқан саҳм гузорем.                    

 Ман, ҳамчун  вакили ҷавон дар қатори тамоми ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосгузор ва шукрона аз он менамоям, ки дар як давлате, ки дар он сулҳу салоҳ, амонӣ, ояндааш  дурухшон  таҳти сарпарастии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон кор ва фаъолият менамоям.

Иди ваҳдати миллӣ муборак,  ҳамватанони азиз!

Одиназода Санавбар  Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак.